Главная / Гуногун / CAMОИИ МАРВАЗӢ Ҳаким Маҳмуд ибни Алӣ

CAMОИИ МАРВАЗӢ Ҳаким Маҳмуд ибни Алӣ

CAMОИИ МАРВАЗӢ Ҳаким Маҳмуд ибни Алӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Зодгоҳаш Марв. Дар ҳамон ҷо таҳсил кардааст. Самоии Марвазӣ дар назму наср устоди баркамол буда, табъу қудрати баланди суханварӣ доштааст. Бино ба гуфтаи Авфӣ («Лубоб- ул-албоб») — «Ғазалҳои обдори ӯ тоб дар дили ушшоқ меовард ва назми обдори ӯ дар дили арбоби санъат мезад ва шеъри ӯ чун зумурради асфар ва ёқути аҳмар азиз ва камёб аст». Аз ашъори ӯ ба воситаи «Лубоб-ул-албоб» то ба мо ҳафт ғазалу чор рубоӣ расидааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …