Маълумоти охирин

БОТЕВ Христо

hristo_botevБОТЕВ Христо (тахаллус; ному насабаш Христо Ботев Петков; 6.1.1849, деҳаи Калофери Булғория (Импери­яи усмонӣ) – 1.6.1876 мақтул дар ҷанги назди кӯҳӣ Вратса), шоир, инқилобгар ва қаҳрамони миллии Булғория. То соли 1863 дар зодгоҳаш Колфер таҳсил намуд. Тирамоҳи соли 1863 дар гимназияи Одесса таҳсилро идома до­дааст. Соли 1866 аз сабаби пайвастан бо бадарғашудагон – шуришгарони полшагӣ, иштирокаш дар як қатор чорабиниҳои инқилобӣ аз гимназия хориҷ карда шуда­аст. Ботев ба Булғория баргашта, зидди туркҳо муборизаро оғоз намуд. Ин муборизаи ӯ сабаби муҳоҷираташ ба Руминия гардид (соли 1867). Дар Бухарест ба иттиҳоди муҳоҷирони булғор ҳамроҳ гардида, узви Кумитаи марказии инқилобии Булғория шуд. Дар Руминия барои рӯзномаҳои «Барабан», «Шафақи Дунай» мавод тайёр мекард. Соли 1871 рӯзномаи «Андешаи муҳоҷирони булғор»-ро ба табъ расонд. Аз соли 1872 бо Л. Каравелов дар рӯзномаҳои «Свобода» ва «Независимость» ҳамкорӣ намудааст. Ботев соли 1876 бо муҳоҷирони булғорӣ, ки ӯро пешво интихоб карда бу­данд, гурӯҳи ҷанговарони озодихоҳро таъсис дода, ба та­вассути киштие ба Булғория рафта, дар соҳили Дунай исён барпо намуд, аммо ба сабаби аз тарафи аҳолии таҳҷойӣ ҷонибдорӣ наёфтанаш шикаст хурд. Ботев ва гурӯҳаш дар ин ҷанг аз тарафи сипоҳи туркҳо нобуд карда шуд. Ба Ботев баъди вафоташ унвони қаҳрамони миллии Булғория дода шуд. Рӯзи вафоти ӯ рӯзи ёдкарди қаҳрамонони булғорӣ баҳри мубориза алайҳи зулму ситам эълон гардид. Ботев шоири тавонои Булғория эътироф шудааст. Дар ашъораш аз ҳаёти мардуми муборизи озодихоҳ сухан меравад. Дар эҷодиёти Ботев шеърҳои инқилобӣ-демократии шоирони рус (пеш аз ҳама Некрасов) таъсир доранд. Ботев дар шеърҳояш қаҳрамонии муборизонро баҳри озодии кишвар (шеърҳои «Элегия», «Пайкор» ва ғайра), муборизаи гайдукҳо бар зидди истилогарони туркро дар достони «Гайдукҳо» васф намудааст. Шеърҳои «Модар», «Ба ишқи аввалини ман»-и Ботев ба қадру манзалити модарону бонувон бахшида шудаанд. Машҳуртарин асари ҳамосии Ботев «Хоҷӣ Димитр» мебошад. Ботев бо ҳамроҳии яке аз ҳамсафонаш Стефан Стамболов (сиёсатмадор) соли 1875 маҷмӯаи муштараки «Сурудҳо ва достонҳо»-ро ба табъ расонд. Аз ашъори боқимондаи Ботев на камтар аз 20 шеър боқӣ мондаанд. Аксари намунаҳои ашъораш бо сурудҳои халқӣ омезиш ёфта» моли фолклор гардидаанд Ашъори Ботевро аз забони булғорӣ ба русӣ Алексей Сурков, ба украинӣ Павло Тичина, ба белоруссӣ Нил Гилевич ва ба забони фаронсавӣ Пол Элюар тарҷума кардаанд. Авалин бор осори мукаммали Ботев соли 1907 ба табъ расидааст.

Ададбиёт: Державин Н. С. Христо Ботев поэт ~ революционер. Москва-Ленинград, 1948; Дмитров М. Христо Ботев. Идеи, личность, творчество. 2 изд. София, 1945.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …