Маълумоти охирин

БОНУ

imagesБОНУ (тахаллус; Хейфитс Ситсилия Бенсиановна; 13.3.1911, Любеч, вилояти Чернигови Украина – 1998, Киев), шоира ва тарҷумони рус. Коркуни хидматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1981). Ҳамсари А. Лоҳутӣ. Шуъбаи форсии курсҳои шарқшиносиро соли 1928 дар шаҳри Киев хатм намуда, ба Осиёи Миёна, ба Самарқанд омад. Дар ин ҷо аввал муаллима буд; сипас дар радио чун ровӣ, ходими г. «Овози тоҷик» кор кард. Соли 1930 дар Нашриёти марказии халқҳои ИҶШС ба кор даромад. Дар тӯли ҳаёти эҷодӣ Бону, асосан ба тарҷумаи шеъру достонҳои Абулқосими Лоҳутӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба забо­ни русӣ машғул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1943 дувоздаҳ маҷмӯаи ашъори А. Лоҳутӣ дар тарҷумаи Бону ба табъ расиданд. Маҷмӯаҳои нисбатан мукаммали тарҷумакардаи Бону аз ашъори Лоҳутӣ «Лирика» (Москва, 1970) ва «В сад я вышел на заре» (Душанбе, 1983) мебошанд. Тарҷумаи «Шоҳнома»-и Фирдав­сӣ, ки Бону дар ҳамкорӣ бо А. Лоҳутӣ анҷом додааст, яке аз беҳтарин тарҷумаҳои «Шоҳнома» ба забони русӣ ба шумор меравад. Ин тарҷума дар АИ ИҶШС солҳои 1957- 89 (нашри дуюмаш 1994) бо муқаддимаи муфассали А. Стариков, шарҳу тавзеҳоти фарогири кулли ҷузъиёт ва ғайра ба табъ расидааст.

Маҷмӯаҳои ашъораш бо номҳои «Ду нома», «Иттиҳоди ҷудоинопазир», «Ҳикояти пионер» (ҳар се – 1942) чоп шудаанд. Бону ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45) буд. Бо медалҳо сарфароз гардидааст. Узвн ИН ИҶШС (1934).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …