Маълумоти охирин

БОЛУЙ

boluyБОЛУЙ, Болуйӣ (мансуб ба Болуя), нисбати шуморе аз муҳаддисони хонадони Болуя дар Нишопур (асрҳои 10-12), ки ғолибан ба адолат ва васоқат (боэътимодӣ) машҳур буда, номашон дар китобҳои риҷоли ҳадис ва тазкираҳои ҳофизони ҳадис мазкур аст. Маъруфтарин муҳаддисони Болуй: 1) Абубакри Болуй, Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Болуяи Ҷуллоб (880-952). Аз муҳаддисоне чун Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ғолиб ибни Ҳарб, Муҳаммад ибни Рибъи Баззоз ва Бишр ибии Мӯсои Асадӣ ҳадис шунида, ҳофиз Абуалӣ Ҳусайн ибни Алӣ ва Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Ҳокими Нишопурӣ аз ӯ нақли ҳадис кардаанд. 2) Абулаббос Муҳаммад ибни Аҳмад ибии Болуяи Нишопурӣ, маъруф ба Азида (фавт 909). Аз Ҳанзалӣ, Умар ибни Зурора ва дигарон ҳадис шунида, Абузакариёи Анбарӣ, Алӣ ибии Исои Ҳирӣ ва дигарон аз ӯ нақл кардаанд. 3) Абуалӣ Ҳусайн ибни Болуя ибни Зайд ибни Сайёри Нишопурии Ҳирӣ (фавт 918). Аз Муҳаммад ибни Ҳамид ва Муҳаммад ибни Муқотили Розӣ нақли ҳадис карда, Абусаъид ибни Абибакр ибни Абиусмон аз ӯ ривоят кардааст. 4) Абуҳомиди Асфӣ, Аҳмад (ё Муҳаммад) ибни Болуя (фавт 955). Аз Абуалӣ Муҳаммад ибни Амри Ҳарашӣ, Аҳмад ибни Саламаи Баззоз, Абуабдуллоҳи Бушанҷӣ, Бишр ибни Мусо, Муҳаммад ибни Айюб ва дигарон ҳадис шунида, Ҳокими Нишопурӣ ва дигар муҳаддисон аз ӯ ривоят кардаанд. 5) Абунасри Болуй, Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Болуяи Ҷуллоб (фавт 951). Бо бародараш Абубакр солҳои 898-903 дар Бағдод аз машоихи он ҷо ҳадис шунидаанд. Ӯ аз Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Ҳанбал ривояти ҳадис кардааст. 6) Абулҳусайн Абдулвоҳид ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Болуяи Нишопурӣ (фавт 989). Аз Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Фарро, Алӣ ибни Ҳасан ва дигарон ҳадис шунида, Абу­саъид ибни Абибакр ва дигарон аз вай ривоят кардаанд. 7) Абумуҳаммади Болуй, Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Абдуллоҳи Болуя (фавт 989). Гароиши ирфонӣ дошта, суханони машоихи тасаввуф ва унс бо ононро бар дигар табақаҳои аҳли маориф тарҷеҳ медод. Ҳокими Нишопурӣ баъзе манқулоти ирфониро, ки аз ӯ шунида буд, нақл кардааст. 8) Абумуҳаммади Болуй, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Болуяи Музаккӣ (фавт 1020). Бино ба ривоя­ти Самъонӣ бо Ҳокими Нишопурӣ дар ҳалқаи дарси фиқҳ иштирок мекардааст. Ба ҷамъоварии ҳадисҳои олисанад, ки бар асоси шарти имом Бухорӣ ва имом Муслим саҳеҳ шумурда мешаванд, диққати зиёд медод, аз ин рӯ, машоихи асраш ҳудуди камобеш як сол ба шунидани чунин ҳадисҳо дар назди ӯ пардохтаанд. Вай бисёр муҳаддисонро дарк ва аз онон ҳадис нақл карда, охирин касе ба шумор меравад, ки аз Муҳаммад ибни Ҳусайни Қаттон нақли ҳадис кардааст. 9) Абубакри Болуй, Алӣ ибни Аҳмади Нишопурӣ. Бинобар тақсими Ҳокими Нишопурӣ аз ма­шоихи табақаи дуюм ва аз муҳаддисони шофеӣ будааст. Дар навоҳии Ҷибол (Кӯҳистон), Ироқ ва Нишопур аз муҳаддисони бисёре ҳадис шунида буд, вале бинобар даргузашт дар оғози миёнсолӣ ба вай муяссар нагашт, ки ҳадиси зиёд нақл намояд. 10) Абуабдуллоҳи Болуйии Ҳи­рӣ, Мансур ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ. Аз муҳаддисони табақаи дуввум буда, аз Хаффоф, Саййид Абулҳасан ибни Исҳоқ ва дигар машоихи ин табақа ҳадис шунидааст. 11) Абуисҳоқ Иброҳим ибни Алӣ ибни Болуя. Аз Муҳаммад ибни Ақили Балхӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Самарқандӣ ва дигарон ривоят ва чанд ҳадиси ғариб аз Абдуллоҳ ибни Ваҳби Динаварӣ нақл кардааст. 12) Абулқосим Убайдуллоҳ ибни Иброҳим ибни Болуя ал-Музаккӣ. Вай аз Аҳмад ибни Юсуф, Муҳаммад ибни Язид ва Исҳоқ ибни Абдуллоҳ ҳадис шунида, Абубакр Аҳмад ибни Исҳоқ ибни Айюб, ҳофиз Абуалӣ ва муҳаддисони баъдӣ дар силсилаи ривоят ҳама аз ӯ нақли ҳадис кардаанд. 13) Абуиброҳим Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Муҳаммади Болуй Аз Абуисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммади Исфароинӣ ҳадис нақл карда, Абубакр Муҳаммад ибни Мансури Самъонӣ аз ӯ ривоят кардааст. 14) Абусаъиди Болуй, Абдурраҳмон ибни Аҳмад ибни Ҳомид Ибни Маҳмуд ибни Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ибни Саъд ибни Абиваққоси Зуҳрии Нишопурӣ (фавт 985). Аз Абуҳомид Яҳё ибни Билол ва Муҳаммад ибни Қаттон ҳадис нақл кардааст. Чанде дар Бухоро сукунат дошт ва то охири умр дар яке аз навоҳии тобеи Самарқанд девони мазолимро сарпарастӣ мекард. 15) Абусаъиди Болуй, Абдурраҳмон ибни Саъид ибни Абдурраҳмон. Аз муҳаддисони табақаи дуввуми Нишопур, аз наберагони Абулҳусайни Киёлӣ – шайхи номовари табақаи сеюми муҳаддисони Нишопур, бинобар тақсими Ҳоким. Бо раҳнамоии бобояш аз машоихи табақаи дуввум ҳадиси бисёр шунид, лекин аз он ҷо ки дар оғози миёнсолӣ даргузашт, ба нақли ҳадисҳо муваффақ нагашт. 16) Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Исҳоқи Болуй Аз Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Хузаӣма ва Абуқурайш ва Муҳаммад ибни Ҷумъа ибни Халафи Қаҳистонӣ, Муҳаммад ибни Сарроҷ, Муҳаммад ибни Мусаййиби Арғиёнӣ ҳадис нақл карда, Абусаъид Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Ганҷрӯдӣ аз вай ривоят кардааст.

С. Маҳмадуллоҳ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …