Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / БОЛШЕВИК

БОЛШЕВИК

dehaБОЛШЕВИК, деҳа дар ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. Аз Болшевик то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1998 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, маркази савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминхо аз наҳри Гулистон обёрӣ меша­ванд. Мувофиқи иттилои Бибисоро Бегнаева (собиқ сарвари бригада) аҳолии Болшевик аз ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) ва вилоятҳои Намангону Сурхандарёи Ӯзбекистон (қунғӯротҳо) муҳоҷир шуда, бо сарварии раиси колхози Карл Маркс Сафар Ҷумъаев Болшевикро обод кардаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …