Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙС Мэри Нора Элизабет

БОЙС Мэри Нора Элизабет

boys_mБОЙС Мэри Нора Элизабет (2.8.1920, Дорҷилинг, Ҳиндустон – 2006, Лондон, Англия), олими эроншиноси Британияи Кабир. Падараш дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон додгустар (судя) буд. Бойс дар Донишгоҳи Кембриҷи Ан­глия улуми бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ омӯхта, аз соли 1944 устоди адабиёти англосаксонӣ ва бостоншиносии Донишгоҳи Лондон буд, ҳамзамон омӯзиши забо­ни форсиро дар назди профессор Владимир Минорски дар мактаби таҳқиқоти Осиё ва Африқо давом дод. Соли 1952 дар Донишгоҳи Кембриҷ рисолаи илмӣ дифоъ на­муда, аз ҳамон сол то давраи бознишастагиаш ба ҳайси профессори мактаби таҳқиқоти Осиё ва Африқо кор кардааст.

Бойс яке аз машҳуртарин муҳаққиқони динҳои бостонии ориёиҳо, бахусус зардуштия ва узви Академияи шоҳаншоҳии Дания буд. Ҷамъияти осиёии шоҳаншоҳии Британияи Кабир ва Дания ба хотираи Бойс ҷоизаи солона таъсис намудааст, ки ҳамасола ба беҳтарин асар дар риштаи пажуҳиши адён эҳдо мегардад. Муҳимтарин осори Бойс «Зардуштиён: боварҳо ва урфу одатҳо», «Таърихи Зар­душтия», «Такягоҳи форсии Зардуштия», «Доираҳои Монавия дар Эрон», «Суханварони монавия дар Эроӣ», «Сохтори сарчашмахои омӯзиши Зардуштия» мебошанд.

Қ. Расулиён.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …