Маълумоти охирин
Главная / Илм / Бемории неврастения

Бемории неврастения

Неврастения (аз невр… ва ас­тения), бемории системаи асаб, ки дар натиҷаи аз меҳнати дурударози фикрӣ монда шудан, кам хоб кар­дан, азоби рӯҳӣ кашидан, мунтазам рӯй додани воқеаҳои нохуш ба вуҷуд меояд. Сироят, интоксикатсия (бадмастӣ, тамокукашӣ), вайроншавии фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ, норасоии хӯрок ва ғайра, ки организмро суст мскуианд, низ боиси ба вучуд омадани Неврастения шуда метавованд. Аломатҳои асосии Неврастения парешонхотирӣ, рӯҳафтодагӣ ва ғайра буда, ҳангоми шаклҳои вазнини он бемор ғамгин, заиф, камиштиҳо ва шабҳо бедорхоб мешавад. Бемор аз оруғдиҳӣ, сузиши меъда, қабзият, дарди cap, тапиши дил, вайроншавии функсияи олоти таносул ва ғайра шикоят меку­над.

Муолиҷа: дар аввали беморӣ ба тартиб даровардани режими меҳнат ва истироҳат, барҳам додани сабабҳои эмотсионалӣ, обу тоб додани организм, хӯроки мунтазам, витами­нотерапия, психотерапия ва ғайра. Дар мавриди зарурӣ дигар кардани кор. Дар сурати вазнин шудани аҳволи бемор (Неврастенияи гипостенӣ) муолиҷа дар беморхона.

Адабиёт: Б а м д а с Б. С., Астенические состояния, Москва, 1961; Свядош А. М., Неврозы и их лечение, Москва, 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …