Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУЛҚОСИМИ БАРМАКӢ

АБУЛҚОСИМИ БАРМАКӢ

АБУЛҚОСИМИ БАРМАКӢ (соли таваллуд номаълум – қатлаш соли 998, Бухо­ро), вазири амир Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ. Аз Оли Бармакиён. Абулқосими Бармакӣ пас аз азли вазир Барғашй дар соли 388 қамарӣ (998 милод) бар маснади вазорат нишаст.  Абулқосими Бармакӣ вазири кордону фозиле буд ва дар пардохти муҷиботи дарбориёни амир Мансур сахттирӣ менамуд. Маҳдуд кардани музди силоҳиён бо­иси норизоияти аносири турки дарбор шуд. Дар натиҷа ӯро бо дасти ғуломони турк ба қатл расонданд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …