Маълумоти охирин

ЭСХИЛ

aishylos

ЭСХИЛ Aishylos (тақр. 525, Элевсин —458 то м., Сицилия), шоир ва драматурги Юнони Қадим. Аз хонадони ашроф. Дар мусобиқаи драматургҳо 12 маротиба пирӯз шуда буд. Аз 80 асари драммавии Э. танҳо 7-тоаш боқӣ мондааст. Эҷодиёти Э., ки ба давраи нашъунамои демократияи Афина (а. 5 то м.) рост меояд, тадқиқи назари принципҳои ҷаҳонбинии сохти авлодиро ифода менамояд. Қаҳрамонони фоҷиаҳои у соҳибихтиёру мустақиланд. Тантанаи принципҳои ватанпарварию баробарӣ бар зулму истибдоди «бар-барҳо» (истилогарон) мазмуну мундариҷаи «Форсҳо» ва «Ҳафт кас ба муқобили Фива»-ро ташкил медиҳад. Афкори гуманистии Э. дар фоҷиаи оиди Прометей бағоят барҷаста зоҳир шудааст. Э. дар шакли драма навовариҳои зиёде даровардааст. Фоҷиаҳои Э. дар Рими Қадим маълуму машҳур буданд; баъзеи онҳо ба асарҳои Энний, Акций, Сенека асос шудаанд. Тавассути фоҷиаи Э. образи Прометей дар адабиёт ва санъати давраи нави Европа ба таври васеъ интишор ёфт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …