Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАЙДИ ГУРГОНӢ

АБУСАЙДИ ГУРГОНӢ

АБУСАЙДИ ГУРГОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нагардидааст. Аз ашъори боқимондааш бармеояд, ки ӯ дар онҳо андешаву матлабҳои иҷтимоӣ сиёсӣ, танқиди зулму золимӣ, мубориза ба муқобили бемаърифативу мардумозории баъзе аъёну ашроф инъикос ёфтаанд. Мувофики маълумоти сарчашмаҳои адабӣ дар эҷоди навъҳои шеър – маснавӣ, қасида, ғазал, рубоӣ, қитъаҳо ва ғайра маҳорати хос доштааст. Намунаҳои ашъораш дар тазкираву баёзҳо оварда шуда- анд. Абёти зерин аз ӯст:

Он қавм, ки эшон раҳи аҳрор супурданд,
Аҳволи чаҳон ботилу бозича шумурданд.
Меҳнатзадагонро ба карам даст гирифтанд,
Чун даст гирифтанд, бар он пой фишурданд.
Эшон ҳама рафтанду ҷаҳон ҷумла ба муште
3-ин нокасу номардуму номард супурданд…
Қавме ҳама ноқисаву навқиса, ки аз бухл,
Номи карам аз номаи ҳастӣ бисутурданд…

Ҳ. Қаландаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …