Маълумоти охирин

Абрис

АБРИС (аз немисӣ abriss – очерк, нақша, тарҳ),

1) расми ангорӣ дар қоғази шаффоф (плюре); давраи фаръии кор дар литографияи (чопи сангӣ) ранга. Ба маънои васеаш – тарҳ.

2) Дар гео­дезия нақшаи сатҳии ҳамаи объектҳои маҳал бо андозаҳо ва навиштаҷоти зарурии тавзеҳӣ. Абрис ҳангоми мураттабсозии нақшаҳои топографӣ, мавриди дар аксҳои аз осмонгирифташуда фарқ кардани нақшаҳои шабакаи геодозӣ истифода мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …