Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБЕВАРДӢ Абумузаффар Муҳам­мад ибни Аҳмад

АБЕВАРДӢ Абумузаффар Муҳам­мад ибни Аҳмад

АБЕВАРДӢ Абумузаффар Муҳам­мад ибни Аҳмад (1047, Абевард – 1115, Исфҳон), шоири арабзабони форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш таҳсил карда ба камол расидааст. Бо мақсади таҳсили илм ба баъзе кишварҳои Арабистон сафар кардааст. Дар Мад­раса» «Низомиа»-и Бағдод муддате вазифан китобдориро ба ӯхда дошт.

Дар асари Ёкути Ҳамавӣ «Мӯъҷам- ул-удабо» зимни маълумот оид ба Абевардӣ 13 асари лмии ӯ номбар шудаанд, ки аз онҳо «Таърихи Абевард ва Нисо», «Ал-Ансоб», «Табакот-ул- илм» ҷолибанд. Аз тавсифи ин асарҳо бармеояд, ки Абевардӣ муаррих, мунаққиди шеър, мухаддиси маъруф будааст. Аз Абевардӣ девони ашъор боқӣ мондааст. Девони Абевардӣ шеърҳои ошиқона, шеърҳо дар васфи Наҷд, Ирок ва ғайраро ба забони форсӣ ва арабӣ дар бар мегирад.      Н. Зоҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …