Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллозода Абдуқаҳҳор

Абдуллозода Абдуқаҳҳор

Абдуллозода Абдуқаҳҳор (1893, деҳаи Кистакӯзи ноҳияи Хуҷанд – 1975,  ҳамон ҷо), омӯзгор, нахустин Муаллими хизматнишондодаи мактаби РСС Тоҷикистон  (1942). Соли 1914 дар зод­гоҳаш аввалин мактаби русӣ кушода шуд ва Абдуллоева дар он ҷо савод омӯхт.

Соли 1921 курси кутоҳмуддати муаллимиро дар шаҳри Тошканд хатм намуда, яке аз тарғиботчиёни намоёни маърифат дар ҷумҳурӣ гардид. Дар вазифаҳои гуногуни мақомоти маорифи Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои дароз директори мактаби миёнаи рақами 5-и ноҳияи Хуҷанд буд.

Депутата Совети Олии РСС Тоҷикистон  (даъватҳои 2 – 4). Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …