Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Мирзосаид

Абдуллоев Мирзосаид

Абдуллоев Мирзосаид (номи аслиаш Сергей, номи падараш Кон­стантин, 1882, Оренбург – 1928, Ду­шанбе), яке аз муборизони фаъоли пойдор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи коргари рус. Баъди вафоти падараш ба Тошкент омада, ба дастаи сайёри дорбозону масхарабозон ҳамроҳ шуд. Бо ҳамин гурӯҳ ба Ҳисор омад. Аз ҳамон вақт номи Саидро гирифт. Ба ғайр аз забони модарӣ (русӣ) забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекиро хуб медонист, бинобар ин дар мактаби маҳаллӣ зуд хата арабиро аз худ кард. Минбаъд тарҷумон ва мирзои беки Ҳисор ва аз амалдорони Душанбе буд. Аз ин рӯ то инқилоб дар байни мардум бо номҳои Мирзо Муҳаммад Саид ва Саиди тилмоҷ машҳур буд.

Январи 1913 ба балвои рӯҳониёни Ҳисор зид баромада, ба деҳаи Дастгираки Ёвон бадарга шуд. Ба Душанбе баргашта, ба духтари ҳунарманди маҳаллӣ Абдуллои читгар хонадор шуд (аз ҳамин вақт Абдуллоев). Баъди инкирози амората Бухоро ва ба Ҳисор омадани экспедитсияи ҳарбию сиёсӣ Абдуллоев раиси Комитети револютсионии Душанбе (1921 – 1923) буд. Дар ин вазифа ӯ дар тартиби ғояҳои инқилобӣ, барҳам задани боқимондаҳои феодалӣ, ба амал овардани ислоҳоти аграрӣ ба манфиати деҳқонони меҳнаткаш корҳои бисёреро ба анҷом расонд.

18 июли 1922, баъди аз дастаи Анварпошшо озод карда шудани Душанбе, Абдуллоев раи­си Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ оид ба ташкили Комитети револют­сионии вилояти Душанбе таъйин шуд, минбаъд – узви комиссияи диктаторӣ сардори комитети револютсионӣ, узви комиссияи таъмини хӯрокворӣ дар полки 10-уми савора буд. Солҳои 1924 – 1925 раиси Суди халқии вилояти Ду­шанбе, дар як вақт сардори Управле­ниям милитсияи Бухорои Шарқӣ. Дар охирҳои умраш Абдуллоев дар шӯъбаи махсуси корпуси 13-уми тирандозӣ хизмат карда, дар барҳам додани босмачигӣ ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ фаъолона иштирок дошт.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …