Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Қаторкӯҳи ЯЗҒУЛОМ

Қаторкӯҳи ЯЗҒУЛОМ

ЯЗҒУЛОМ, яке аз каторкуҳҳои баландтаринест дар Помири Ғарбӣ ВАБК). Дар қисми марказии Помири ғарбӣ воқеъ гардида, водии д-ҳои Язғулом ва Бартангро аз ҳам ҷудо мекунад. Тулаш тақр. 170 км. Баландии қаторкуҳ ба ҳисоби миёна 5750 м, баъзе қуллаҳо аз 6000 м баландтаранд (қ. Революция—6974 м). Аз ҷиҳати сохти геологӣ қаторкуҳ бештар аз ҷинсҳои сурхранги торригению карбонатии юра ва табоши-и поён таркиб ёфтааст. Рельефи Я. баландкуҳи сершоха аст, теғаҳояш тезу нишебиҳояш ростанд. Баландии нисбии онҳо 2500—3000 м. Дар қисми зиёди нишебиҳо нимбуттаю шибоғ аз растаниҳои сирак меруянд. Қ-куҳи Я., махсусан қисми шаркии он, ба яхбандиҳои сахт дучор шудааст.

yazghulom

Аз доманаи қ. Революция калонтарин пиряхҳои Помир — Федченко ва Груми-Гржимайло ибтидо меёбанд.

Дар нишебиҳои қаторкуҳ пиряхҳои калони дигар — Ракзов, Язғуломдара, Башурвдара ва ғ. воқеъ гаштаанд.

Ю. С. Усков.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …