Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ЯРОСЛАВЛЬ

Шаҳри ЯРОСЛАВЛЬ

ЯРОСЛАВЛЬ, шаҳр, Маркази вил. Ярославия РСФСР. Бандар дар д. Волга, узели калони р. о. Аҳолиаш 623 ҳаз. наф. (1984). Саноати мошинсозӣ (з-дҳои моторсозӣ, аппаратҳои сузишворӣ, мошинҳои электрӣ барои сохтмон, мошинҳои истеҳсоли полимерҳо ва ғ.), химия (истеҳсоли маснуоти резинӣ, каучуки синтезӣ ва ғ.), коркарди нефть, саноати сабук (комб-и матоъҳои техникии «Красный Перекоп», ф-каи пойафзол), хурокворӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ тараққӣ кардааст.

yaroslav

Я. 6 донишкадаи олӣ (аз ҷумла ун-т), 2 театр дорад. Я. яке аз калонтарин марказҳои меъморӣ ва санъати тасвирии а-ҳои 13—17-и рус мебошад. Дар дайри Спасо-Преобра-женекий ёдгориҳои қадим (а. 16). гирд омадаанд. Радар аз ин калисои Никола Надеин (1620—21), Илья Пророк (а. 17), Юҳаннои Златоуст, Никола Мокрый (1665—72) ва ғ. боқӣ мондаанд. Я.-ро тақр. с. 1010 Ярослав Мудрый бунёд кардааст. Бори аввал дар солномаи 1071 зикр ёфтааст. Шаҳр бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1971) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …