ЯКДИЛ Ошӯрмуҳаммад (с. тав. номаълум — ваф. 1855), шоири тоҷик. Дар Бухоро таҳсил кардааст. Аз ҷавонӣ ба ҷараёни нақшбандияи тасаввуф майл дошт. Тасаввуф дар ашъори боқимондаи у, ки дар тазкираву баёзҳои а. 19 омадаанд, нақш гузоштааст. Забони ашъораш содда, тарзи баёнаш дилпазир:
Ёди айёме, ин чашмам бар ту дар наззора буд.
Дар сари мижгонам аз хуни ҷигар фаввора буд…
Ин қадар дарде, ки бе руи ту иншо кардаам.
Вой бар Маҷнун гар аз Лайлӣ даме овора буд.
Шоми ҳиҷронам ба субҳи васл паҳлу мезанад,
Баски ғам андар сириштн Якдили бечора буд.