ХУСРАВОНӢ Абўтоҳир Тайиб ибни Муҳаммад (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 10) Муаллифи «Маҷмаъулфу-саҳо» ўро Хуросони медонад. Ба қавли Авфӣ ў аз «шуарои оли Сомон» аст. Девонаш то ҳол дастрас нагардидааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Аз қитъаҳои дар «Лубоб-ул-албоб» омадааш бармеояд, ки Xусравонӣ бештар ба масъалаҳои панду ахлоқ даст задааст. Xусравонӣ яке аз пайравони Рудакӣ будааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» якчанд байт» ташбиби ўро иқтибос кардааст.
А. Абдуллаев.