ХУШВАҚТОВ Хушбахт Давлатович (тав. 9. 12. 1926, деҳаи Рўшони ВАБК), рассоми советии тоҷик. Рассоми Халқии РСС Тоҷикистон (1974). Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон (1967). Аъзои КПСС аз с. 1962.
Иниститути давлатии рассомии ба номи В. И. Суриков ш. Москваро хатм кард (1960). Баъд муаллими Омўзишгоҳи рассомии Душанбе буд. Солҳои 1961—82— раиси Правленияи ИР Тоҷикистон. Ҳанўз аз асари нахустинаш—«Водии Олой», ки дар он пейзаж бо як услуби хоси рангомезӣ, бо мутобиқати дақиқи ҷузъҳо ва хеле табиӣ қаламдод шудааст, роҳи минбаъдаи эҷодиёти Xушвақтов муайян гардид. Дар эҷодиёти Xушвақтов пейзаж мавқеи намоён дорад. Зебоиҳои нотакрори кишвари хушманзар дар мусаввараҳояш («Хоруғ», «Оқбайтал», «Бегоҳии водии Аличур», «Пики Леинн», ва ғ.) бо тамоми шукуҳу назокаташ падид омадааст. Xушвақтов ба рангомезии гуногун ва тобишҳои нозук диққат медиҳад. Xушвақтов муаллифи бисёр асарҳои мавзўист («Чеварон», «Замини навкорам», «Хотирот»), ба мавзўи таърихию революционӣ ҳам даст задааст; («Солиёни пешин», «Мактуби доҳӣ», «Сарбозони инқилоб») ва ғ. Xушвақтов махсусан дар бораи бунёдкорони ГЭС-и Норак асарҳои зиёд офаридааст («Ҳангоми истироҳат», «Созандагони Норак», «Вахши мутеъгашта», «Субҳи Норак» ва ғ.). Барои ин силсила ў, лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ (1977) шудааст. Асарҳоят дар намоишгоҳҳои байналхалқии Канада, Бирма, Афғонистон, Венгрия, Франция, Италия намоиш дода шудаанд. Аз с. 1961 уэви ИР СССР. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Р. Гаврилова.