ХУРМОӢ, як навъ зардолуи дерпазак. Асосан дар вилояти Ленинобод (бештар дар районҳои Конибодом, Исфара)-и РСС Тоҷикистон ва районҳои вилояти Фарғонаи РСС Ўзбекистон маъмул шудааст. Дарахти Xурмоӣ тезсабз ва дарозумр буда, аз 2—3-солагӣ cap карда мунтазам ҳосили фаровон медиҳад.
Xурмоӣ охири март гул карда моҳи июл мепазад. Мевааш миёна (ба ҳисоби миёна 25 г), байзашакл, рангаш норинҷӣ ва сурхи ҷилодор, пӯсташ пашмакдор, ширин нордон, донакаш калон (ба ҳисоби миёна 3—3,5 г) мағзаш ширин. Хурмоии хушк зиёда аа 65% қанд (аз ҷумла 29% глюкоза, 9% фруктоза, 27% сахароза), 3% ҷавҳари себ дорад. Ҳангоми хушконидан аз меваи Xурмоӣ то 40—45% ғўлинг ва 30—32% баргак тайёр мешавад. Аз касалиҳои занбӯруғӣ кам зарар мебинад.
АД.: Пўлодов А., Рӯёниданн ҳосили фаровони зардолу, Д., 1968; ҳамон муаллиф, Таджикский абрикос. Д., 1976.