Маълумоти охирин

ХУК

xuk

ХУК, як навъ ҳайвони хонагии ҷуфтсумест аз ҷинси гуро (Sus). Хуки хонагӣ аз хукҳои ваҳшии европоӣ ва осиёӣ пайдо шудааст. Аз ин рў Xук ба 2 гуруҳ — зотҳои европоӣ ва осиёӣ тақсим мешавад. Зотҳои дҳозираи Xук аз гуруҳҳои номбурда ба вуҷуд омадаанд. Хукро дар давраи неолит (ҳазораҳои 5—3 том.) хонагӣ кардаанд. Дар ҷараёни ром кардан ва зотпарварӣ намуди зоҳирӣ, наслдиҳӣ ва маҳсулнокии Xк хеле тағйир ёфтааст. Вале Xук ҷиҳатҳои биологии хоси ҷинси гуроз (хирачашмӣ, қобилияти хуби шунавоӣ, ҳисси хуби бўй)-ро нигоҳ дошта аст. Махсусан сернаслӣ ва тезрасиву серравғании зотҳои Xук афзудааст. Xук ҳайвони аз ҳама сернасл ва тезраси хоҷагии қишлоқ, мебошад. Ҳангоми парваришу нигоҳубини хуб Xук зиёда аз 10—12 бача мезояд. Модахук аз 9—10 моҳагӣ ҷуфтӣ мешавад ва дар 13—15 моҳагӣ бача мекунад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …