Маълумоти охирин

ХУБСИЁТ

ХУБСИЁТ (аз ар. палид, нохуш), ашъори ҳаҷвиеро гўянд, ки бо лафзу иборатҳои бешармонаю қабеҳ ва дур аз одоб навишта шудаанд. Xубсиёт одатан барои доираи махдуди ашхос эҷод гардида, дар он касони пасттинату разил бераҳмона ва бо алфози қабеҳтарин масхара ва фош карда мешуданд. Чунин шеърҳо баъзан ба қалами шоирони машҳури форс-тоҷик ҳам тааллуқ доранд.

Ад.:       Ходизода Р., Шукуров М., Абдуҷабборов Т., Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ, Д.. 1968.   У. Тоиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …