Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОРПӮШТҲОИ ОБӢ

ХОРПӮШТҲОИ ОБӢ

xorpushti-obi

ХОРПЎШТҲОИ ОБӢ (Echinoidae), ҷонварони бемуҳраро гўянд, ки бино ба таснифоти зоологӣ ба типи сўзанпустҳо мансубанд. Онҳо ҷонварони ҷудоҷинса буда, аз кирмина (эхиноплутеус) инкишоф меёбанд; баъзеашон зиндазоянд. Зиёда аз 800 намуди муосири хорпўштакҳои обӣ маълум аст; дар баҳрҳои СССР қариб 40 намудашон вомехўрад. Дар уқёнус ва баҳрҳои шўриашон мўътадил (дар чуқурии то 7 км) васеъ паҳн шудаанд. Баъзе хорпўштҳои обиро барои тухм (икра)-ашон  шикор мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …