Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОНЯИЛОВ

ХОНЯИЛОВ

ХОНЯИЛОВ, харобаи деҳаи кўҳӣ  ва ёдгории археологии мансуб ба асрҳои 9—12 воқеъ дар дараи Оқтангии қаторкўҳӣ  Туркистон, 22 км ҷанубтари деҳаи Шаҳристони раёни Уротеппа. Xоняилов аз биноҳои иқоматию хоҷагӣ  (дар марказ), кўраҳои калони деворҳояш сангӣ  (дар канораи ғарби шимолии деҳа) ва як қабристон (дар канори шарқӣ ) иборат буд. Масоҳ. ёдгорӣ  500X140 м аст. Кўча, майдон, биноҳои як-ду ва ё сехонадор боқӣ  мондаанд.

Дар қабристони Xоняилов қариб понздаҳ гури давраи ибтидои ислом дафн гардид. Аксари майитҳоро дар чуқурии росткунҷа ба тахтапўшт ва cap ба Шимол ё Шимолу Fарб., рў ба Ҷанубу Ғарб ё ба боло гўронидаанд. Майитҳоро андаруни тахтасангҳо ё арчачубҳо ниҳодаанд. Гирдогирди қабрҳо якқаторӣ  санг чидаанд.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки Xоняилов деҳаи калони Истаравшани давраи асрҳои миёнаи мутараққӣ  ба шумор рафта, аҳолиаш бо чорводорӣ  ва қисман ғаллакорӣ  машғул будааст. Он бо пойтахти Истаравшан — ш. Бунҷикат робитаҳои хуби хоҷагӣ  ва маданӣ  дошт. Н.Н. Неъматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …