Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОНДАМИР Ғиёсуддин иб­ни Ҳумомуддини Ҳусайнӣ

ХОНДАМИР Ғиёсуддин иб­ни Ҳумомуддини Ҳусайнӣ

ХОНДАМИР  Ғиёсуддин иб­ни Ҳумомуддини  Ҳусайнӣ (1475, Ҳирот—1535, Деҳлӣ), муаррихи форс- тоҷик, набераи Мирхонд. Аввалҳо дар дарбори Темуриён – Ҳирот хизмат кардааст. Баъди сарнагун шудани сулолаи Темуриён дар Ҳирот, Xондамир муддате дар дарбори Исмоили Сафавӣ хизмат карда, с. 1528 ба маркази Империяи Темуриёни Ҳинд —ш. Деҳлӣ рафт. Дар замони ҳукмронии Бобур ва писари ў — Ҳумоюн зиндагӣ ва хизмат кардааст. Xондамир дар юришҳои Ҳумоюн иштирок карда, шоҳиди бисёр воқеаҳои таърихӣ буд. Дар Ҳиндустон асари сеҷилдаи худ «Ҳабиб-ус-сияр»-ро навиштааст, ки он таърихи Эрон, Осиёи Миёна ва диг. мамлакатҳои Шарқи ох. а. 15—авв. а. 16-ро дар бар мегирад. Xондамир инчунин муаллифи асарҳои «Дастур- уд-вузаро», «Ҳумоюннома» ё «Қонуни Ҳумоюн» буда, ҷилди 7-ум ва хотимаи «Равзат-ус-сафо»-и Мирхондро низ навиштааст. Л. Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …