Маълумоти охирин

ХОМАК

xomak

ХОМАК, пойафзолеро гўянд, ки аз пўсти хоми гову асп, буз тайёр мекарданд. Хомакро тавре медўхтанд, ки муи пуст ба рўи пойафзол меомад. Соқи Xомак назар ба соқи чоруқ кўтоҳтар (тақр. 20—30 см) буд. Хомакро баъди пўшидан бо ресмон маҳкам мебастанд.

Онро асосан мардуми кўҳистон ҳангоми корҳои хоҷагии қишлоқ (бештар кишту кор), инчунин шикор мепўшиданд. Xомак бештар дар байни тоҷикони Қаротегину Дарвоз маъмул буд, алҳол аз байн рафтааст.

Ад.: Таджики Каратегина и Дарваза, в. 2, Д., 1970.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …