Маълумоти охирин

ХОКШИР

ХОКШИР (Erysimun), як ҷинси гиёҳҳои як, ду ё бисёрсолаест аз оилаи чилликгулҳо. Баргаш яклухт, гулаш зард, баъзан бунафш ё сафед. Мевааш ғилофаки сертухм. Тухмаш майдаи зарди дорчинӣ (вазни 1000-тоаш 0,25—0,3г). Май-июн гул мекунад. Дар Тоҷикистон Xокшир (11 намуд) асосан дар мавзеъҳои миёнакӯҳ, баъзе намудҳояш (Е. hieracifolium, Е. sisumbrioides, humillimum) дар Помири Шарқӣ (3500— 4500 м аз с. б.) ва Хокшираи дусола (Е. hieracifolium, Е. diffusum (бештар дар ноҳияҳои кӯҳсори республика— 1500—3500 м аз с. б.) нумӯ меёбад. Xокшира растании асаловар, шифобахш, хӯроки чорвост. Баъзан чун алафи бегона дар киштзору боғ (Е. гераdnum, Е. sisumbrioides) мерӯяд. Аз баргу поя ва гулу тухми Xокшира (Е. diffusum, ниг. расм) гликозидҳои эризимин, эризимозид, эрикордин ва ғ. ҳосил мекунанд, ки онҳоро дар тиб барои табобати иллати дил, ғалаёни хун (гипертония) ва кардиосклероз истифода мебаранд.

Адабиёт: Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1976.  С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …