Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УЗЛАТ Мирмуҳаммад Аминшоҳ

УЗЛАТ Мирмуҳаммад Аминшоҳ

УЗЛАТ Мирмуҳаммад Аминшоҳ (соли таваллуд номаълум — вафот 1853), шоири тоҷик. Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар бораи у навиштааст: «Тӯтии шакаристони суханварӣ. Ашъораш шаҳдомезу малоҳатангез афтода». Дар мирзоӣ, илми мусиқӣ ва танбӯрсозиву хотамбандӣ ва ғайра маҳорат доштааст.

Аз осораш якчаяд ғазал, қитъаҳо ва абёти пароканда боқист. Байтҳои зер аз ӯст:

Обрӯ бо хоксорон бештар аз ағниёст,

Ҳар қадар гарди ятимӣ пеши гавхар пурбаҳост.

* * *

Эй мояи умри ҷовидонӣ, боз о!

В-эй васли нишони комронй боз о!

Бе рӯи ту рӯзи ман чу шаб тира шудаст,

Хохӣ, ки аз ғамам раҳонӣ, боз о!

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …