Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УШИНСКИЙ Константин Дмитревич

УШИНСКИЙ Константин Дмитревич

УШИНСКИЙ Константин Дмитревич (2. 3. 1824, Тула—3. 1. 1871, Одесса, қабраш дар Киев), педагог-демократи рус, асосгузори илми педагогӣ дар Россия. Ӯ талаб мекард,ки дар маорифи халқ демократия ва ғояи халқияти тарбия ҷорӣ, моҳияти меҳнатдӯстии инсон ва худи меҳнат чун омили ҳаёт ва тарбия, ки асоси фаъолияти педагогии ӯст, эътироф гардад. Дар дидактика ғояи таълими тарбиявиро талқин намуда, тарзи интихоби мавзӯъ ва усулҳои таълимро мувофиқи инкишофи фикрии кӯдак омӯхт. Ғояҳои педагогии Ушинский дар асарҳои педагогиаш «Олами кӯдакон» (русӣ, 1861) ва «Забони модарӣ» (русӣ, 1864), асари барҷастаи «Инсон ҳамчун омили тарбия. Таҷрибаи антропологии педагогӣ» (русӣ, 1868—69) ва ғайра акс ёфтаанд. Соли 1945 СКХ-и СССР медали К. Д. Ушинскийро таъсис кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …