Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТУВАГИҲО

ТУВАГИҲО

ТУВАГИҲО (худ тыва, тывалар гӯянд), миллат, аҳолии асосии РАСС Тува. Шумораашон 166 ҳазор нафар (1979). Тақрибан 20 ҳазор нафар дар РХМ зиндагӣ мекунад. Ба забони тувагӣ гап мезананд. Байни диндорон ламаизм ва шаманизм паҳн аст. Аз ҷиҳати антропологи муғулсуратанд.

tuvagiho

То дигаргунсозии сосиалисти дар ноҳияҳои биёбонӣ ва кӯҳию биёбонӣ бо чорводорию кӯчманчигӣ ва деҳқонӣ машғул буданд. Аксар дар козаҳои намадин мезистанд. Баъди Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр дар хаҷагӣ, маданият ва маишати Тувагиҳо дигаргуниҳои калон сар шуд. Бо ёрии СССР муассисаҳои саноатӣ сохта шуданд, нақлиёт инкишоф ёфт, аввалин хоҷагиҳои давлатӣ ва колхозҳо ташкил ёфтанд. Ба вуҷуд овардани хати миллӣ (1930 алифбои лотинӣ, аз соли 1946 русӣ) дар инкишофи маданият роли калон бозид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …