Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТУРСУНЗОДА

Шаҳри ТУРСУНЗОДА

ТУРСУНЗОДА (то 17. 2. 1978— Регар), шаҳри тобеи республика, маркази маъмурии раёни Турсунзода. Санаи ташкилаш 7 декабри 1952. 57 км гарбтар аз шаҳри Душанбе, дар водии Ҳисор воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан (Регар). Аҳолиаш 27 ҳазор нафар (1976)

tursunzodaШ
Соҳаҳои саноаташ; металлургияи ранга (Заводи алюминийи Тоҷикистон), таҳвили металл (заводи асбобҳои бинокори), хӯрокворӣ (заводи нон) ва саноати сабук (заводи пахтатозакунӣ). Соли 1981 навбати якум ва дуюми заводи чинӣ ба истифода дода шуд. Дар Турсунзода пункти қабули ғалла, управления махсуси сохтмон (биноҳои саноатӣ ва истиқоматӣ), управленияи сохтмону монтажкунӣ, управленияи «Алюминстрой», идораи ба истифодадиҳии роҳ, автобаза, шӯъбаи районии «Тоҷикселхозтехника», комбинатҳои хизмати маишӣ ва муассисаҳои коммуналӣ мавҷуданд.
6 мактаби миёна, 1 мактаби 8-сола, мактаб-интернат, мактаби мусиқӣ ва мактаби рассомӣ, 2 хонаи пионерон, мактаби спортӣ, комбинати байнимактабии таълимию истеҳсолии тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунии хонандагон, хонаи бачагон, 2 касалхона, 3 дорухона ва стансияи санитарию эпидемиологӣ ҳаст. Муаасисаҳои маданию маърифатии шаҳр: хонаи маданият, 5 кинотеатр, 3 клуб, 2 театри халқӣ, 4 китобхонаи оммавӣ (аз ҷумла 1 китобховаи бачагона), боғи маданият ва истироҳат, боғи пионерон ва стадиони бачагона. Солҳои охир Турсунзода хеле ободу васеъ гардида, дар он микрорайонҳаи 1, 2, 3, 4 ва 5-ум пайдо шуданд. Соли 1981 ба муносибати 70-солагии таваллуди Мирзо Турсунаода дар маркази шаҳр муҷассамаи шоир гузошта шуд. Дар наздикии шаҳр мақбараи Хоҷа Нақшрон (асрҳои 10—11) воқеъ аст. З. Абвураҳимов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …