Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУРШМУРУД

ТУРШМУРУД

ТУРШМУРУД, турушмурӯд, як навъ мурӯди маҳаллист. Дарахташ аз 7 то 16 м қад мекашад. Пӯстлохи тана ва шохҳои ғафсаш хокистарии сиоҳтоб, шохҳои борикаш бӯртоб, баргаш байзашакл (дарозиаш 8 см, бараш 4 см), мевааш лӯнда (апдаряк 81 г), пӯсташ ғафсу сахт ва ҷилодор, сабзтоб (тарафи офтобрасаш сурхи зардча), мағааш сафеди гулобитоб, камобу нордон (12,8% қанд, 0,38% туршӣ ва 0,43 мг% витамини С дорад).

murud

Аввали сентябр мепазад. Ниҳолаш баъди 7—8 соли кӯчат ба ҳосил медарояд. Дарахти 30—40-солаи уршмуруд 120—140 (баъзан то 400) кг ҳосил медиҳад. Онро асосаи дар Ғарму Ҷиргатол мепарваранд.

Адабиёт: Қосимов М., Навъҳои маҳаллии мурӯду нокҳо, Душанбе, 1971.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …