Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТРАВМАТОЛОГИЯ

ТРАВМАТОЛОГИЯ

ТРАВМАТОЛОГИЯ (юнонӣ trauma, traumatos — ҷароҳат, зарбу лат, осеб …логия), осеошиносӣ, таълимотест дар бораи зарбу латҳои узву бофтаҳо, пешгирӣ ва муолиҷаи онҳо. Травматология ба маънои васеъ бисёр масъалаҳои илмҳои ҷарроҳӣ (масалан, ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии қафаси сина ва ғайраро вобаста ба мавқеи иллат дар бар мегирад. Ба маънои маҳдудаш истилюҳи «травматология»-ро барои ифодаи моҳияти соҳаи тиббӣ клиникие, ки осебҳоӣ устухонҳо, бандҳо, мушакҳо, пайвандҳо, пайҳо ва пӯстро меомӯзад, ба кор мебаранд. Дар СССР ва баъзе мамлакатҳо травматология якҷоя бо ортопедия соҳаи мустақили клиникиро ташкил менамояд. Травматология ҳамчун асоси ҷарроҳӣ қадимтарин соҳаи тиб мебошад. Дар ҷасадҳои мумиёкардашуда (Мисри Қадим) ва андомҳои боқимондаи ҷанговарон (Рими Қадим) нишонаҳои амали шикастабандӣ ва пайванди устухонҳои шикастаг ҷарроҳии устухонҳои сар ва ғайра зоҳир аст. Травматология аз ибтидои пайдоиш ва инкишофи худ аз усулҳои ҷарроҳӣ ва ғайриҷарроҳӣ (консервативӣ) истифода мебарад. Асосҳои травматология бори аввал дар асарҳои Буқрот мушоҳида шудаанд. Дар инкишофи минбаъдаи Травматология асарҳои Абӯалии Сино, А. Паре, Г. Дюпюитрен, Е. О. Мухин, Н. И. Плрогов, А. А. Бобров, Т. Кохер ва дигар хизмати зиёд кардаанд. Дар ибтидои асри 20 Травматология ҳамчун соҳаи мустақили илмию амалии ҷарроҳӣ ҷудо шуд.

travmatology
Масъалаҳои асосии травматологияи муосир инҳоянд: омӯхтани тариқи пайдоиши тағйироте, ки дар бофта ва узвҳо баъди осебҳо ба вуҷуд меоянд; такмили усулҳои муолиҷал ғайриҷарроҳӣ ва ҷарроҳӣ; пешгирии иллатҳое (боду ғуборҳое), ки баъди зарбу лат пайдо мешаванд. Дар травматология муолиҷаи ғайриҷарроҳп (ҷо ба ҷо кардалп пшкасталораҳо, ба ҷояш андохтани устухони баромада, гузоштани бандинаҳо, гаҷбандӣ ва ғайра) бештар истифода мешавад. Дар аксари мамлакатҳо, аз ҷумла дар СССР духтурони махсус (травматолог — ортопедҳо) ёрии травматологӣ мерасонанд. Барои муолиҷан осебҳои вазнину мураккаб баъди солҳои 60 дар СССР марказҳои травматологӣ ба вуҷуд омаданд. Дар назди поликлиникаҳо пункт ва кабинетҳои травматологӣ кушода шудааст. Ба таълими травматология кафедраҳои травматология и ортопедӣ ва ҷарроҳияи ҳарбии саҳроии донишкадаҳои олии тиббӣ машғуланд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …