Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТРАПЕЦИЯ

ТРАПЕЦИЯ

trapeciya

ТРАПЕЦИЯ (аз юнонӣ (trapzion — чоркунҷаи тарафҳояш нобаробар), чоркунҷаи барҷастаеро гӯянд, ки ду тарафаш ҳам паралел буда, ду тарафи дигараш параллел нест (нигаред расм). Тарафҳои параллелро асосҳо ва тарафҳои нооараллелро паҳлӯҳои трапесия меноманд. Трапесияе, ки дар он тарафҳои паҳлӯи ба ҳам баробаранд, трапесияи баробарпаҳлӯ ном дорад. Диагоналҳои трапесияи баробарпаҳлӯ ба ҳам баробаранд. Трапесияи баробарпаҳлӯ тири симметрӣ дорад. Трапесияро, ки як тарафи паҳлӯи ба асос перпендикуляр аст, трапесияи росткунҷа меноманд. Масофаи байни асосҳо баландии трапесия номида мешавад. Порчае, ки миёнаи тарафҳои паҳлӯии трапесияро ба ҳам мепайвандад, хати миёнаи трапесия ном дорад. Хати миёнаи трапеция ба асосҳо параллел буда, ба нисфи ҳосили ҷамъи онҳо баробар аст.
Масоҳати трапесия ба ҳосили зарби хати миёна бар баландӣ ва ё ба нисфи ҳосили зарби диагоналҳо бар синуси кунҷи байни онҳо баробар мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …