ТОР, танида, нахҳое, ки қадқади матоъ нисбат ба ҳамдигар мутавози мехобанд ва ҳангоми бо нахҳои пуд бофтани онҳо матоъ ҳосил мешавад (нигаред Бофти тору пуд). Нахҳои Торро ба ғалтаки калони махсус (навоӣ) печонда, ба ақиби дастгоҳи бофандагӣ ҷойгир мекунанд.
Барои Тор ресмони нисбатан маҳкаму сахт тофташударо, ки аз нахқои хушсифат тайёр шудааст, истифода мебаранд. Торро аз нахҳои пахта, абрешим, канаб, пашм, инчунин аз омехтаи якчанд хели нахҳо (масалан, аз нахҳои пахтаю пашм) тайёр мекунанд (нигаред низ Бофандагӣ).