ТОҶИЕВ Дадоҷон (22. 3. 1915, Конибодом—0. 1. 1987, Душанбе), забоншиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1972), профессор (1967), Муаллими Хизматнишон додаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1965), Аълочии маорифи халқи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1960). Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз соли 1944. Соли 1941 Университети давлатии Ленинградро хатм кард.
Мудири сектори забон ва адабиёти институти тадқиқоти илмии мактабҳо, директори Институти такмили ихтисоси муаллимон (1946—47), мудири сектори забони Институти забон ва адабиёти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1951—53), мудири кафедраи забони тоҷикии Университети Давлатии Тоҷикистон (1953 —87) буд. Аввалин асари илмиаш «Калимаи «об» дар забони адабии ҳозираи тоҷик» (1952) мебошад. Тоҷиев доир ба масъалаҳои умдаи забоншиносии тоҷик, пайдоиш ва инкишофи забони адабии тоҷик, бобҳои алоҳидаи грамматикаи забони тоҷикӣ—сифати феълӣ, феъли ҳол, масдар, ҳол, ҷумлаҳои мураккаб, ҷумлаҳои пайрав ва ғайра тадқиқот бурдааст. Мавзӯъҳои дигари таҳқиқоти Тоҷиев масъалаи инкишофи забони адабии тоҷик дар давраи советӣ, муносибати мутақобилаи забони русӣ ва забони тоҷикӣ («Забони русӣ — забони муҳовира ва ҳамкории халқҳои СССР», 1964) аст. Ф. Хоҷаев.
Tags забоншинос
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …