ТИОФУН, С4Н4S, пайвасти гетеросиклӣ, моеъи беранг, бӯяш ба бӯи бензол монанд аст; t гуд. —38,3oС, t ҷӯш. 84,1oС; дар об бад ва дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад. Тиофунро аз зифти ангиштсанг ва маҳсулоти нимкоксонии варақсант ҷудо мекунанд. Тиофуни синтезиро дар натиҷаи пиролизи омехтаи намаки натрийдори кислотаи каҳрабо ва Р2S3; инчунин аз бутан ва сулфуру фуран ҳосил менамоянд. Тиофун пайвасти ароматист. Вай бо осонӣ галогенонида, сулфуронида ва алкилонида мешавад. Баъзе ҳосилаҳои Тиофун чун моддаҳои фаъоли биологӣ истифода мешаванд.
Tags Химия
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …