ТИЛЛОКОРӢ, ҳалкорӣ, зарҳал, як навъ санъати ороиши амалиро гӯянд. Тиллокорӣ аз замонҳои қадим дар соҳаҳои махсуси ҳунармандӣ, махсусан заргарӣ ва ороиши биноҳо васеъ истифода мешуд. Тиллокорӣ инчунин дар тазйини китобҳои дастнавису чопӣ (дар ороиши саҳифаҳо ва муқоваи он) мавқеи калон дошт. Мувофиқи баъзе ривоятҳо китобхои Монӣ на танҳо бо мусаввараҳо, балки бо оби тилло низ ороиш ёфта будаанд.
Мусаввирон, наққошон ва хушнависони бостонӣ услуби махсуси тайёр ва истифодаи зарҳалкорӣ (тиллокорӣ) – ро эҷод карданд. Барои ҳосил намудаяи зарҳал асал, об ва самғи арабиро бо ҳам омехта, пеш аз истифода ба маҳлули об мечаконидаанд. Мадрасаи Тиллокорӣ дор Самарқанд, арақаи масҷидҳои Бухоро, Самарқанд ва районҳои шимоли Тоҷикистон намунаҳои намоёни санъати тиллокорӣ мебошанд. Дар санъати муосири Тоҷикистон тиллокорӣ дар тармими ёдгориҳои меъморӣ (гунбаз, нақшунигор), дар корҳои нашрӣ ва ҷавоҳирӣ фаровон истифода мешавад. М. Рӯзиев.