Маълумоти охирин

ТИФ

ТИФ (аз юнонӣ tuphos — дуд, туман; тирагии ҳуш), бемории арақӣ, калта, мӯҳриқа, номи шартии баъзе бемориҳои сироятист, ки якҷоя бо табларза ва ихтилоли ҳуш ба амал меояд. Тиф якчанд хел мешавад: Тифи шикамӣ, паратифҳо, Домана, Тифи раҷъӣ ё такроршаванда.

tif
Тифи шикамӣ бомории шадиди сироятӣ буда, фақат одамон гирифтор мешаванд. Ҳангоми он табларза, заҳролудӣ, ихтилоли асаб, узвҳои ҳозима ва дилу рагҳо ба амал меояд. Доир ба тифи шикамӣ аввалии бор духтурони франсавӣ Ф. Бретанно (1813) ва Ш. Луи (1829) маълумот додаанд. Барангезандааш salmonella typhi (соли 1880 олими немис К. Эберт кашф намудааст) мебошад. Манбаи сироят одами бемор ё ҳомилини бактерия аст. Ангезандаи беморӣ бо наҷосат ё пешоб ва магас мегузарад. Ҳангоми ба даҳон бурдани ангушт ва истеъмоли обу хӯроки ифлос бактерияҳои касалӣ ба организм медароянд. Баъд онҳо ба ғадудҳои лимфавии рӯдаи борик (тугулчаҳои Пейер) дохил шуда, пас аз 7—10 рӯзи беморӣ решҳои тагдор ҳосил мекунанд. Баъди давраи пинҳонӣ (инкубационӣ) бактерияҳо аз ғуддаҳои лимфавӣ ба хун гузашта ба тамоми бадан паҳн мешаванд. Дар хун як қисм бактерияҳо нобуд гашта, аз онҳо заҳри бактериявӣ ҳосил мешавад ва боиси заҳролудии тамоми организм мегардад. Беморӣ одатан ботадриҷ инкишоф меёбад. Баъди давраи пинҳонӣ (10—14 рӯз) организм суст ва қобилияти кории одам паст шуда, беҳолӣ, камиштиҳоӣ, дарди сар, бехобӣ, қабзият ва баъзан дарунравӣ рӯй медиҳад. Ҳарорат ҳафтаи аввал баланд шуда, ба 39—40°С мерасад; ранги рӯи бемор парида, пӯсташ хупш, шикамаш дам ва сипурзаш калон мешавад. Баъди 8— 10 рӯз дар сари сина ва шикам доначаҳои сурх (розеола) медаманд. Хунравии рӯда, илтиҳоби шуш, бронхит, тромбофлебит ва бодҳои тифи шикамӣ буда, охирҳои ҳафтаи 3-юм рӯй медиҳанд. Бемори 3—6 ҳафта давом мекунад. Истифодаи антибиотикҳо давомият ва марговарии тифи шикамиро кам кард. Тифи шикамиро дар асоси маълумотҳои клиникию эпидемиологӣ ташхис мекунанд. Муолиҷа: парҳез, антибиотикҳо, доруҳои мадорбахш ва ғайра Пешгирӣ: риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, иҷро намудани талаботи санитарию гигиенӣ (махсуан дар муассиса ва магазинҳой хӯрокворӣ, ошхонаҳо, ресторанҳо, буфетҳо), назорати манбаъҳои таъминоти об, нест кардани магас, ҷудо нигоҳ доштани беморон, муайян намудани ҳомилони бактерия ва аз муассисаҳои хӯрокворӣ дур кардани онҳо ва ғайра.
Паратифҳо бемориҳои сироятии рӯда буда, бактерияҳои ҷинси салмонеллаҳо ба вуҷуд меоранд. Нигаред Паратиф.
Домана бемории шадиди сироятӣ буда, ба гурӯҳи риккетсиозҳо мансуб аст.
Тифи раҷъӣ ё такроршаванда бемории шадиди сироятӣ буда, спирохетҳо (ба воситаи шабушк ва кана) ба амал меоранд. Тифи раҷъӣ ду хел мешавад: вогир (элидемӣ) ё шабушкӣ ва ҷойдорӣ (эндемӣ) ё канагӣ. Ба тифи вогир ё шабушкӣ фақат одам гирифтор мешавад. Барангезандааш спирохета мебошад, ки соли 1868 олими немис О. Обермейер кашф намуд. Манбаи беморӣ одами бемор ва паҳнкунандаи он шабушк аст. Ба тифи раҷъии вогир одамон асосан дар мамлакатҳое гирифтор мешаваид, ки дараҷаи инкишофи маданӣ ва иқтисодиашон паст аст; дар СССР барҳам дода шудааст. Шабушк фақат баъди 4 рӯзи макидани хуни бемор касалӣ ангезанда мешавад. Спирохетҳо ба воситаи ҷойҳои харошидаи пӯст, заҳм ва ғайра ба хун роҳ ёфта ба воситаи рагҳои лимфа ва ҷараёяи хун ба органиам паҳн мегарданд. Ҳангоми нобуд шудани онҳо заҳр (токсин) ҷудо мешавад. Дар натиҷаи фаъолияти барангезанда ва заҳри он ҷигару сипурз варам карда калон мешаванд. Давраи пинҳониаш аз 2 то 14 шаборӯз. Беморӣ якбора бо таби баланд (39—40°С) ва ларза сар шуда, сару мушакҳо (махсусан мушакҳои соқи по) дард мекунанд; иштиҳо баста, ташнагӣ аиёд ва пӯст сурхи тафсон мешавад. Беморӣ хуруҷ мекунад. Хуруҷи якум 5—7 рӯз (баъзан камтар) давом карда, охир таб паст мешавад (апирексия) ва шахси бемор худашро сиҳат мепиндорад. Апирексия 6—8 рӯз давом мекунад. Баъд хуруҷи дуюм шурӯъ мешавад, ки аломатҳояш мисли хуруҷи якум аст. Хуруҷҳои минбаъда аз хуруҷҳои пештара камтар давом мекунанд. Одатан баъди 2—3 хуруҷ (баъзан 4—6) бемор тадриҷан сиҳат мегардад. Беморонро фақат дар беморхона муолиҷа мекунанд.
Пешгирӣ: сари вақт муайян намудан ва бистарӣ кунонидани беморон; роҳ надодан ба пайдоиши шабушк. Тифи раҷъии ҷойдорӣ ё канагиро спирохетаҳои гуногуни спиралмонанде ба амал меоранд. Спирохстаҳо ба воситаи кана сироят мекунанд. Манбаи табиии беморӣ қариб дар ҳамаи қитъаҳо ёфт шудааст; дар СССР дар Қазоқистон, Осиёи Миёна, Закавказия ва ҷануби Украина вомехӯрад. Аз ҳайвонот хояндаҳо (муш, калламуш, тавушқон ва ғайра) гирифтор мешаванд. Одам баъди газидани кана бемор мешавад. Механизм ва инкишофи тифи раҷъии ҷойдорӣ мисли тифи раҷъии вогир аст, вале хуруҷҳояш зиёдтар ва номунтазаманд. Беморон ҳатман дар беморхона муолиҷа карда мешаванд. Пешгирӣ: несту нобуд кардани канаҳо дар биноҳои истиқоматӣ ва хоҷагӣ, муҳофизати одамон аз газидани онҳо (бо либосҳои махсус).
Адабиёт: Зверев В. И., Тифо-паратифозные болезни в прошлом и настоящем, Москва 1967 Руководство по инфекционным болезням, Моска. 1968; Руководство по инфекционным болезням у детея, Москва, 1980.
С. Бобоев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …