Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТИББИ ХАЛҚӢ

ТИББИ ХАЛҚӢ

ТИББИ ХАЛҚӢ, маҷмӯи маълумоту амалиёти гуногунро гӯянд, ки солҳои заёд дар халқ зимни таҷрибаҳои ҳаётӣ ба амал омада, барои дароз намудани умри инсон, бартараф кардани иллати зоҳирии бадан, ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳо истифода мешавад. Маълумоти мазкур даҳонӣ аз насл ба насл гузашта дар урфу одат ва мақолу ривоятҳои халқӣ акс ёфтаанд.

tibbi-xalki
Тибби халқӣ таърихи қадима дошта, дар ҷамоаи ибтидоӣ шакли ягонаи тиб буд. Одамони ябтидоӣ узви шикаста ё баромадаро табобат намуда, доир ба хосияти шифобахшии нури офтоб ва об тасаввурот доштанд. Соҳаи нисбатан қадими Тибби халқӣ гигиенаи халқист. Ҳар миллат дорои Тибби халқии худ аст, ки бо номи худи ҳамон миллат (масалан, Тибби халқии хитоиҳо, Тибби халқии русҳо, Тибби халқии арабҳо, Тибби халқии тоҷикон ва ғайра) ё муҳити географӣ (масалан, Тибби халқии машриқзамин, Тибби халқии мағрибзамин ва ғайра) номбар мешавад. Маълумоти ғункардаи Тибби халқӣ дар асарҳои Буқрот, Ҷолинус, Ибни Сино ва дигар зикр ёфтаанд. Классикони тибби рус, М. Я. Мудров, Ф. И. Иноземсев, С. П. Боткин, Г. А. Захарин аз шогирдони онҳо Тибби халқиро омӯхта ҷиҳатҳои муфиди онро дар амалия ҷорӣ намуданд.
Тибби халқии тоҷикон таърихи бисёрсола дошта, он Тибби халқии кушониён, суғдиён, бохтариҳо ва як қатор усулу воситаҳои табобати дини зардуштӣ (бо оташ, хокистар ва ғайра)-ро дар бар мегирад. Баробари пайдоиши дини ислом дар Тибби халқӣ усулҳои табобати динӣ (дуохонӣ, чилёсин, бахшигӣ, афсунгарӣ, аласкунӣ, тӯмору таштобдиҳӣ ва ғайра) ба вуҷуд омаданд, ки онҳо барои беморон бештар зарароваранд. Табибони халқӣ одатан аз як авлод буда, пешаи табибиро аз насл ба насл боқӣ мегузоштанд. Онҳо тибро асосан аз китобҳои Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ, Муҳаммад Ҳусейни Шерозӣ ва дигар меомӯхтанд. Ба ақидаи табибони халқӣ дигаргунии мизоҷ, истеъмоли таоми хунуки туршшуда, гуруснагӣ, пурхӯрӣ, тарс, сармо, гармӣ ва гайра боиси беморӣ мегарданд. Табибони халқӣ беморонро бо парҳез, гипноз, рагмолӣ, догсӯзӣ, ҷарроҳӣ, гармию хунукӣ, бо таъсири нури офтоб, рег ва санги гарм, маъданҳои гушогун ва ғайра табобат менамуданд. Дору ва доруворҳои Тибби халқӣ наботӣ (аз гиёҳ ва буттою дарахтон), ҳайвонӣ (аз хун, талха, шир, равған, ҷурғот, асал ва ғайра) ва маъданӣ (аз намак, оҳан, тилло, нуқра ва ғайра) мешаванд.
Дар лабораторияҳои Институти гастроэнтерология ва Институти химияи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон таъсири як қатор доруҳое, ки аз Тиби халқӣ гирифта шудаанд (зира, мумиё, садбарг, равғани суғур ва ғайра) омӯхта мошавад. Дар натиҷа доруҳос ҳосил карда шуданд, ки барои табобати бемориҳои ҷигар, меъда ва диабети қанд муфиданд.
Тибби илмӣ аз таҷрибаи бисёрасраи Тиби халқӣ истифода мебарад. Қонунгузории СССР ба шахсонс, ки маълумоти тибби надоранд, табобат намудани беморонро манъ мекунад.
Адабиёт: Нуралиев Ю., Табиб, табибтарош, дуохон, Душанбе, 1979; ҳамон муаллиф. Медицина эпохи Авицеины. Душанбе. 1981.
Ю. Нуралиев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …