Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТИББИ ХАЛКИ

ТИББИ ХАЛКИ

ТИББИ ХАЛКИ, мачмуи маълумоту амалиёти гуногунро гуянд, ки солхои заёд дар халк зимни тачрибахои хаёти ба амал омада, барои дароз намудани умри инсон, бартараф кардани иллати зохирии бадан, ташхис, табобат ва пешгирии беморихо истифода мешавад. Маълумоти мазкур дахони аз насл ба насл гузашта дар урфу одат ва маколу ривоятхои халки акс ёфтаанд.

tibbi-xalki
Тибби халки таърихи кадима дошта, дар чамоаи ибтидои шакли ягонаи тиб буд. Одамони ябтидои узви шикаста ё баромадаро табобат намуда, доир ба хосияти шифобахшии нури офтоб ва об тасаввурот доштанд. Сохаи нисбатан кадими Тибби халки гигиенаи халкист. Хар миллат дорои Тибби халкии худ аст, ки бо номи худи хамон миллат (масалан, Тибби халкии хитоихо, Тибби халкии русхо, Тибби халкии арабхо, Тибби халкии точикон ва гайра) ё мухити географи (масалан, Тибби халкии машрикзамин, Тибби халкии магрибзамин ва гайра) номбар мешавад. Маълумоти гункардаи Тибби халки дар асархои Букрот, Чолинус, Ибни Сино ва дигар зикр ёфтаанд. Классикони тибби рус, М. Я. Мудров, Ф. И. Иноземсев, С. П. Боткин, Г. А. Захарин аз шогирдони онхо Тибби халкиро омухта чихатхои муфиди онро дар амалия чори намуданд.
Тибби халкии точикон таърихи бисёрсола дошта, он Тибби халкии кушониён, сугдиён, бохтарихо ва як катор усулу воситахои табобати дини зардушти (бо оташ, хокистар ва гайра)-ро дар бар мегирад. Баробари пайдоиши дини ислом дар Тибби халки усулхои табобати дини (дуохони, чилёсин, бахшиги, афсунгари, аласкуни, тумору таштобдихи ва гайра) ба вучуд омаданд, ки онхо барои беморон бештар зарароваранд. Табибони халки одатан аз як авлод буда, пешаи табибиро аз насл ба насл боки мегузоштанд. Онхо тибро асосан аз китобхои Ибни Сино, Закариёи Рози, Исмоили Чурчони, Мухаммад Хусейни Шерози ва дигар меомухтанд. Ба акидаи табибони халки дигаргунии мизоч, истеъмоли таоми хунуки туршшуда, гуруснаги, пурхури, тарс, сармо, гарми ва гайра боиси бемори мегарданд. Табибони халки беморонро бо пархез, гипноз, рагмоли, догсузи, чаррохи, гармию хунуки, бо таъсири нури офтоб, рег ва санги гарм, маъданхои гушогун ва гайра табобат менамуданд. Дору ва доруворхои Тибби халки наботи (аз гиёх ва буттою дарахтон), хайвони (аз хун, талха, шир, равган, чургот, асал ва гайра) ва маъдани (аз намак, охан, тилло, нукра ва гайра) мешаванд.
Дар лабораторияхои Институти гастроэнтерология ва Институти химияи Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Точикистон таъсири як катор дорухое, ки аз Тиби халки гирифта шудаанд (зира, мумиё, садбарг, равгани сугур ва гайра) омухта мошавад. Дар натича дорухос хосил карда шуданд, ки барои табобати беморихои чигар, меъда ва диабети канд муфиданд.
Тибби илми аз тачрибаи бисёрасраи Тиби халки истифода мебарад. Конунгузории СССР ба шахсонс, ки маълумоти тибби надоранд, табобат намудани беморонро манъ мекунад.
Адабиёт: Нуралиев Ю., Табиб, табибтарош, дуохон, Душанбе, 1979; хамон муаллиф. Медицина эпохи Авицеины. Душанбе. 1981.
Ю. Нуралиев.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …