Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ТАЪИНИ ҲУДУДИ МИЛЛИЮ ДАВЛАТИИ РЕСПУБЛИКАҲОИ СОВЕТИИ ОСИЁИ МИЁНА

ТАЪИНИ ҲУДУДИ МИЛЛИЮ ДАВЛАТИИ РЕСПУБЛИКАҲОИ СОВЕТИИ ОСИЁИ МИЁНА

ТАЪИНИ ҲУДУДИ МИЛЛИЮ ДАВЛАТИИ РЕСПУБЛИКАҲОИ СОВЕТИИ ОСИЁИ МИЁНА, азнавсозии худудию давлатист, ки Ҳокимияти Советӣ мувофиқи хоқишу ризоплтп халқҳои Осиёи Миёна ва сиёс-ати миллии Партияи Коммунистӣ солҳои 1924—25 ба амал баровард; яке аз марҳалаҳои сохтмони давлати иттифоқии советии сосиалистист. Ташкили давлатдории миллии советии халқҳои Осиёи Миёна баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр оғоз ёфт. Вале як қатор сабабҳои объективӣ (ақибмонии иқтисодию мадании кишвар, мураккабии муносибатҳои миллӣ, мубориза ба муқобили босмачиён, муқобилати миллатчиёни буржуазӣ ва ғайра) ин ҷараёнро чанд муддат боздоштанд. Вақте ки дар ҳудуди собиқ Аморати Бухоро ва Хонии Хева революцияҳои халқӣ ғалаба карданду (соли 1920) дар Осиёи Миёна Ҳокимияти Советӣ барпо гардид, ҳудуди сиёсию маъмурии республикаҳои навбунёди совети ба соҳати ҷойгиршавии халқҳои кишвар чандон рост намеомаданд. Чунончи, 47,2% тоҷикони Оснёи Миёна дар РАСС Туркистон ва 52,8% дар Республикаи Халқии Советии Бухоро (РХСБ) зиндагӣ мекарданд. Аз тамоми ӯэбекҳои Осиёи Миёна 66,5% дар РАСС Туркистон, 22,2% дар РХСБ ва 11,3% дар Республикаи Халқии Советии Хоразм (РХСХ), аз тамоми туркманҳои Осиёи Миёна 43,2% дар РАСС Туркистон, 27,0% дар РХСБ ва 29,8% дар РХСХ мезистанд.
Аз ин рӯ, масъалаи таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёнаро органҳои партиявию давлатии Осиёи Миёна аз нав ба миён гузоштанд. Дар рафти тайёрӣ ва гузаронидани он нишондодҳои В. И. Леннн оид ба ҳаматарафа ба ҳисоб гирифтани омилҳои маҳаллӣ ва муайян кардани майлу хоҳиши оммаи меҳнаткаши миллатҳо ба назар гирифта шуд.
То миёнаи солҳои 20 барои амалӣ гардидани таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна заминаҳои иқтисодию сиёсӣ ва маданӣ фароҳам омаданд.

sssr-xarita

Ба республикаҳои социалистӣ табдил ёфтани РХСХ (1923), РХСБ (1924), ба ҳайати РКП(б) қабул шудани партияҳои коммунистии Бухоро ва Хоразм, ташкил ёфтани Бюрои осиёимиёнагии КМ РКП((б) (4922) ва муттаҳид намудани фаъолияти иқтисодии республикаҳои Осиёи Миёна барои фароҳам овардани заминаҳо ва тайёр кардани таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна омилҳои ҳалкунанда гардиданд. Дар ҳар яке аз республикаҳои миллӣ ҷамъ омадани халқҳои забону урфу одаташон гуногун пурра амали гардидани программаи миллии КПСС-ро ба таъхир меандохт. Мақсади асосин таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна аз барпо кардани давлатҳои миллии советӣ — ресубликаҳои мустақили советии социалистӣ ва республикаю вилоятҳои автономӣ, пойдор ва мустаҳкам намудани осоиштагии пурраи миллӣ ва ҳамкории бародаронаи байни халқҳои Оснёи Миёна, барҳамдиҳии ақибмонии хоҷагии қишлоқ, парокандагии халқҳои Осиёи Миёна ва ҷалбкунин онҳо ба сохтмони пуравҷи социалистӣ, тараққӣ додани иқтисодиёти социалистӣ, тезонидани процесси болоравии маданияти шаклан миллию мазмунан социалистӣ, наздикшавии Советҳо бо меҳнаткашони ҳар як миллати Осиёи Миёна, зарбаи қатъӣ задан ба миллатчигии буржуазӣ ва шовинизми бузургдавлатӣ, баланд бардоштани худшиносии синфии меҳнаткашон, мусоидат намудан ба процесси ташаккул ва инкишофи миллатҳои социалистии тоҷик, ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз ва қароқалпоқ иборат буданд. Пленуми КМ ПК Бухоро (25 феврал 1924), Бюрои иҷроияи КМ ПК Хоразм (3 марти 1924), КМ ПК Туркистон (40 марти 1924) фаъолияти оммаро барои ташкили республикаҳои миллӣ ба инобат гирифта, азнавсозии ҳудудию давлатии Осиёи Миёнаро салоҳ донистанд. Бюрои осиёимиёнагии КМ РКП(б) ин ташаббусро маъқул шуморида, ба тайёр кардани лоиҳаи он шурӯъ намуд. 12 июни 1924 Бюрои Сиёсии КМ РКП(б) қарори таърихии «Дар бораи таъини ҳудуди давлатии республикаҳои Осиёи Миёна»-ро қабул кард, ки дар он таклифи ташкилотҳои партиявии Осиёи Миёна оид ба таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна маъқул дониста шуд. Тобистони 1924 кори ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ оид ба таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна пайваста бо чорабиниҳои асосии ташкилию хоҷагӣ (муайян кардани сарҳадҳои маъмурию этнографӣ, баҳисобгирии бойгариҳои дахлдори таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна ва ғайра) вусъат ёфт. Ин чорабиниҳо дар шароити муборизаи тезу тунди зидди унсурҳон миллатчигӣ ва шовинистӣ мегузаштанд. Бойҳою рӯҳониёи ҳангоми таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна кӯшиш мекарданд, ки оташи хусумати байни миллатҳоро афрӯзанд. Миллатчиён мавқеи панисломияро ишғол намуда, ба мавҷудияти миллати ягонаи турк истинод мекарданд. Дигар идеологҳои миллатчигӣ барпо кардани «Узбекистони бузург» ва «Қазоқистонн бузург»-ро талаб менамуданд. Партия ин кӯшишҳои майлончиёни миллатчиро қатъиян маҳкум кард. Қарори Бюрои осиёимиёнагии КМ РКП(б) (аз 31 августи 1924) зарурати қатъиян риоя кардани принципҳои интернационализми пролетариро ҳангоми гузаронидани таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна таъкид намуд. То сентябри 1924 корҳои тайёрӣ ба итмом расидаид. Сессияи фавқулодаи КИМ-и РАСС Туркистон (16 сентябр), Съезди 5-ӯми умумибухороии Советҳо (20 сентябри) ва Съезди 5-уми Советҳои Хоразм (29 октябр) дар бораи таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна қарор қабул карданд. 14 октябр 1924 Сессияи 2-юми КИМ-и Умумироссия дар бораи азнав ташкилкунии РАСС Туркистон ба воҳидҳои алоҳидаи автономӣ қарор қабул кард, ки 11 маи 1925 онро Съездн 12-уми умумироссиягии Советҳо маъқул донист. 27 октябр 1924 Сессияи 2-юми КИМ-и СССР (даъвати 2) масъалаи таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёнаро муҳокима намуда, тагкил кардани ресдубликаҳои нави советиро дар Осиёи Миёна Маъқул донист. Дар натиҷа солҳои 1924—25 дар ҳудуди собиқ республикаҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм РСС Ӯзбекистон ва РСС Туркманистон (27 октябри 1924), РАСС Тоҷикистон дар ҳайати РСС Узбакистон (14 октябри 1924), Вилояти Автономии (ВА) Қароқирғиз дар ҳайати РСФСР (14 октябри 1924; мак 1925 ВА Қирғизистон номида шуд, феврали 1920 ба РАСС Қирғизистои табдил ёфт) ва Қароқалпоқистои (10 феврали 1925) ташкил ёфтанд. Ноҳияҳои қазоқистон РАСС Туркистон ба ҳайати РАСС Қазоқистон (то апрели 1925 РАСС Қирғизистон ном дошт) ҳамроҳ карда шуданд. Съезди 3-юми Советҳон СССР 13 маи 12925 дар бораи ба ҳайатн СССР ҳамроҳ шудани РСС Туркманистон ва РСС Ӯзбакистолн қарор қабул намуд. Минбаъд дар процесси сохтмони социалистӣ РСС Тоҷикистон (1929), РАСС Қазоқистон ва РАСС Қирғизистон (1936) ба республикаҳои иттифоқӣ, ва Қароқалпоқистон ба РАСС Қароқалпоқ (1932) дар ҳайати РСФСР (аз 1936 дар ҳайати РСС Узбакистон) табдил ёфтанд. Дар натиҷаи таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна ноҳияҳое, ки дар он тоҷикон, ӯзбекҳо, қазоқҳо, туркманҳо, қароқалпоқҳо ва қирғизҳо мезистанд то Револютсияи Октябр ба таври сунъӣ ҷудо карда шуда буданд, аз нав ба иттиҳодҳои миллию давлатии советии дахлдор ҳамроҳ гардиданд. Таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна ва ташкил ёфтани республикаҳои миллии советӣ ғалабаи бузурги сиёсати Партияи коммунистӣ буда, ба миллатчигии буржуазӣ ва шовинизми бузургдавлати зарбаи ҳалокатовар зад. Процесси таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна ба иштирок кардани оммаи меҳнаткаши Осиёи Миёна дар сохтмони советӣ ва ҳалли муваффақиятноки вазифаҳои сохтмони социализм мусоидат намуд. Ташкил ёфтани республикаҳои миллии советии Осиёи Миёна, ихтиёран дохил шудани онҳо ба ҳайати СССР дӯстии байниҳамдигарии халқҳои Осиёи Миёна ва дӯстии онҳоро бо халқи рус ва халқҳои дигар мустаҳкам намуд, барои барҳам додани ақибмонии иқтисодию мадании онҳо шароити мусоид фароҳам овард, ҳамчун миллатҳои социалистӣ ташаккул ёфтани онҳоро тезонид. Таъини ҳудуди миллию давлатии ресспуликаҳои советии осиёи миёна таҷрибаи таърихии ҳалли одилона ва революционии масъалаи миллиро дар СССР бой гардонд.
Адабиёт Раджабов С. А., В. И. Ленин и советская национальная государственность, Душанбе, 1970. С.
Л. Раҷабов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …