ТЕТРОД (аз юнонӣ tetra — чор ва электр (од), лампаи электрониест, ки аз чор электрод (катод ду тӯр ва анод) иборат аст. Яке аз тӯрҳо идоракунанда, дигараш акскунанда мебошад. Тӯри акскунандаи Тетрод ғунҷоиши байни аноду тӯри идоракунандаро кам карда, шиддати дохилиро зиёд мекунад. Тетрод вазифаи лампаи генераторӣ ё худ лампаи қабулкунандаю тақвияткунандаро иҷро мекунад.