Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕТРАЛОГИЯ

ТЕТРАЛОГИЯ

ТЕТРАЛОГИЯ (юнонӣ tetralogia, аз тегра… ва логос), асари бадеии мураккабсюжету панорамавии як муаллифро номанд, ки аз чор ҳиссаи мустақил иборат буда, сюжет, мақсаду мароми идеявию эстетикии ягона ва як ё якчанд қаҳрамонони марказии доимоамалкунанда дорад.

books
Тетралогия авлалин бор дар фоҷиаҳои Юнони Қадим, ки аз трилогия ва як драмаи ҳаҷвӣ иборат буданд, ба вуҷуд омад (трилогияи «Орестей» ва драмаи ҳаҷвии «Протей»-и Эсхиш). Дар адабиёти классикии форс-тоҷик «Чор дарвеш» нишонаҳои Тетралогияро дорад. Дар адабиёти ҷаҳон Тетрологияҳои зиёд ба вуҷуд омадаанд. Масалан, «Чор фаришта»-и Э. Золя, «Юсуф ва бародарони ӯ»-и Т. Манн, «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ ва С. Табаров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …