ТЕТРАЛИН тетрагидронафталин, як навъ карбогидриди ароматии ҳалқааш конденсацияшударо гӯянд. Моеъи беранг буда, бӯи нафталинро дорад; t ҷӯш. 207,0C, зичиаш 0,970 г/см3 (200С). Дар об ҳал намешавад, дар аксари ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешавад. Тетралин дар маҳсулоти коркарди нефт ва зифти ангиштсанг мавҷуд аст. Тетралинро дар саноат бо роҳи гидрогенония катализии нафталин ҳосил мекунанд. Тетралинро ҳамчун ҳалкунанда, компоненти доруҳои дуркунандаи равған, иловаи сӯзишвориҳои Агуҳаррик ва дар синтези рангубори органикӣ истифода мебаранд.
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …