ТЕШИКТОШ, мағораи давраи палеолити мансуб ба ҳазораҳои 50— 40 то мелод, ки дар баландии 1500 м аз сатҳи баҳр дар дараи кӯҳии Заутолушсой, наздикии деҳаи Мачои вилояти Сурхондарёи РСС Узбакистон воқеъ аст. Солҳои 1938—30 А. П. Окладников тадқиқ намуд. Масоҳати умумии ҳафриёти Тешиктош 147 м2. Иборат аз панҷ қабати маскун аст, ки боқимондаи устухонҳои ҳайвонот, олоти сангӣ ва осори оташдонҳо дорад. Аз қабати якуми маскун боқимондаҳои устухонҳои писарбачаи неандерталӣ ёфт шуд. Дар атрофи пораҳои устухони писарбача шохҳои нахчир рост гузошта шудаанд, ки ин аломати маросими дафн мебошад. Олоти меҳнати аз Тешиктош ёфтшуда аз чақмоқсанг тайёр карда шудааст. Аз 2859 ашёи ёфтшуда 339-тоаш олоти тайёр мебошад. А сангпораҳои нисбатан калон белчакордҳо ва аз сангпораҳои нисбатан хурд тарошкордҳо тайёр мекарданд. Сангпораҳои теғдорро чун корд истифода мебурданд. Тадқиқи бозёфтҳо вишон дод, ки усулҳои дар Тешиктош барои коркарди санг истифодашаванда бо усулҳои дар ҷануб —дар гурӯҳи ёдгориҳои баҳримиёназаминӣ истифодашаванда шабоҳат дорад. Тешиктошиҳо асосан нахчирро шикор мекарданд. Аз қабатҳои маскуни Тешиктош устухонҳои оҳу, аспи ёбоӣ, хирс, бабр ва ғайра ёфт шуданд.
Адабиёт: Тешик-Таш. Палеолитический человек, Сб. ст., Москва, 1949. В. А. Ранов.
Tags мағора
Инчунин кобед
САҒОНА
САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …