Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕППА дар археология

ТЕППА дар археология

ТЕППА дар археология, баландиеро гӯянд, ки аз хароботи биноҳои қадимӣ ба вудуд омада, аз қабатҳои маскун иборат аст. Ин намуди ёдгории археологӣ дар Осиёи Миёна, Кавказ (тапа), Шарқи Наздик (арабӣ— тал), Ҳиндустон ва Балкан) (юнонӣ— магула; македонӣ — тумба) ва ҷойҳое, ки зироат инкишоф ёфта буд, хеле зиёд аст. Дар болои биноҳои харобшуда иморатҳои нав бунёд мегардиданд ва дар натиҷа сатҳи онҳо аз замини атроф баландтар мешуд. Чунин теппаҳо ба бостоншиносон дар муайян намудани давраҳои сохтмон ҳамчун малбаи муҳим хизмат мекунанд.

А. Валиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …