Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕНЗОМЕТР

ТЕНЗОМЕТР

ТЕНЗОМЕТР (аз лот. 1епзиз — бошиддат, таранг ва …метр), асбобест барои тадқиқи тақсимоти деформация дар деталҳои мошин, конструксияҳо ва иншоот. Бо тензометрҳо материалҳоро низ месонҷанд. Тензометрҳо механикӣ ва электрӣ мешаванд.

tenzometr

Тензометрҳои механикӣ системаеро мемонад, ки аз камбинацияҳои фашангҳаи гуногун, асбобу афзори ҳисоб ва сабткунанда иборат аст; асосси барои муайян кардани тавсифоти мустаҳкамии материалҳои чандир истифода мешавад. Тензометрҳои электрӣ барои аз масофаҳои гуногун чен кардани деформацияҳои статикӣ ва динамикӣ дар шароитҳои мураккаб (дар муҳити агрессивӣ, ҳангоми баланд ё паст будани ҳарорат ва фишор ва ғайра) имкон медиҳанд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …