Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Темурланг

Темурланг

ТЕМУР Амир ТеМур, Темурланг (9. 4. 1336, деҳаи Хӯҷа Илғор, наздикии ҳозира Шаҳрисабз —18. 2. 1405, Утрор), амир, асосгузори давлати Темуриён. Писари Тарағай ном беки як қабилаи муғулнажод (барлосҳо). Фаъолияташро ҳамчун саркардаи дастаи роҳзатаҳо оғоз карда буд. Дар низоъҳои чағатоиҳою муғулҳо ширкат карда, соли 1361 ҳангоми ҳуҷуми муғулҳо ба Мовароуннаҳр бо дастаи худ ба истилогарон мадад расонд. Бар ивази ин хони муғулҳо Туглуқтемур Темурро ҳокими вилояти Кеш (Қашқадарёи ҳозира) таъин кард. Темур ба ҳокими Мовароуанаҳр Илёсхӯҷа —писари Туғлуқтемур хиёнат намуда, бо амири Балх Ҳусайн иттифоқ баст ва ба хоҳари ӯ хонадор шуд. Соли 1362 дар яке аз ҷангҳои ғоратгарона дар назди Систон Темур аз дасту пояш ярадор шуда, тамоми умр ланг монд.

temurlang
Соли 1365 Ҳусайн ва Темур бар лашкари Илёсхӯҷа ҳуҷум оварданд ва дар муҳорибаи соҳили дарёи Чирчиқ шикаст хӯрда, Самарқанду Шаҳрисабзро бесоҳиб гузошта, ба Балх гурехтанд. Лашкри Илёсхӯҷа ба Самарқанд рафт. Ба муҳофизати Самарқанд мардуми оддӣ, сарбадорон ба по хестанд. Ҳилаю найрангҳои ҳарбии бодиянишинон ёри накард ва онҳо талефоти энедс дода, Самарқандро ба сарбадорон монда, ақиб нишастанд. Темур ва Ҳусайн шӯриши сарбадоронро соли 1366 бо фиреб бераҳмона пахш карда, Самарқандро ба даст дароварданд ва аз ҳамон вақт байни Темур ва Ҳусайк барои Мовароуннаҳр мубориза сар шуд. Соли 1370 Темур ғолиб омад ва худро амири саросари Мовароуннаҳр эълон кард; ба номи худ калимин «Курагон»-ро илова мекардагӣ шуд, ки маънои он «домод» буд, чунки акнун ӯ ба зани бевамондаи Ҳусайн духтари Қазонхон — хони чингизӣ хонадор шуда буд. Темур бо ёрии хонҳои дастнишонда ва ба ашрофи (Кӯчманчиҳо, феодалҳок муқимӣ ва хусусан рӯҳониёни мусулмон такя карда ҳукм меронд. Такягоҳн асосии ҳокимияти Темур гвардияе буд, ки аз қабилаҳои чағатон, асосан аз барлосҳо ташкил карда буд. Темур солҳои 1373—74 ҷануби Хоразм ва соли 1388 тамоми Хоразмро забт карда, пойтахти он Урганҷро ба харобазор табдил дод. Дар натиҷаи юришҳои чандинкарата дар слҳои 1389, 1391, 1394 —95 Темур Олтинӯрдаро торумор ва пойтахти он Сарои Бакарро тороҷ кард.
Соли 1398 вай ба Ҳиндустон лашкар кашида, Деҳлиро гирифт. Баъди ду сол Темур бар зиддн султони туркҳо Боязиди 1 мубориза сар карда, ӯро дар муҳорибаи назди Анқара торумор намуд. Юришҳои ғораттаронаи Темур ба Эрон, Кавказ ва дигар мамлактҳо хеле ваҳшиёна ва бераҳмона буданд. Дар охири соли 1404 Темур ба Хитой ҳуҷум сар кард, ки он баъди вафоти Темур қать гардид. Баъд аз сари Темур империяи ташкилкардааш, ки аз соҳилҳои шарқи баҳри Миёназамин то ҳудуди Хитой ва аз қаторкӯҳҳои Кавказ то соҳилҳои Ҳинду Ганг тӯл мекашид, пароканда шуд. Юршиҳои Темур бо харобкорӣ ва хунрезиҳон бераҳмона анҷом меёфтанд. Вақти муборизаи ӯ бо Тӯхтамиш Поволжия ба дараҷае тороҷ гашта буд, ки он ҷо гуруснагӣ сар шуд. Соли 1387 вақти гирифтани Исфаҳон Темур фармон дод 70 ҳазор. нафарро сар зада, аз каллаи онҳо манораҳо созанд. Дар Ҳиндустон бо фармони ӯ 100 ҳазор асир ба қатл расонда шуд. Устоҳои асир, ки дар юришҳо гирд оварда шуда буданд, дар Самарқанд ва баъзе дигар шаҳрҳои Мовароуинаҳр (Бухоро, Шаҳрисабз, Насаф) қасру масҷид, мадрасаю мақбараҳое сохтанд, ки як қисми онҳо то замони мо ҳамчун ёдгории барҷастаи меъморӣ маҳфуз мондаанд. Дар айни ҳол Хоразм вилоятҳои Нисо, Даҳистон, Хуталон ва ғайра дар натиҷаи сиёсати хунхоронаи Темур ба замин яксон шудаад. Сиёсати ғоратгарона ва ҷангҷӯёнаи Темур иқтисодиёти Мовароуннаҳр ва Хуросонро хароб карда, боиси қашшоқию бесаводии халқҳои маҳаллӣ гардид.
А. Ҷалилов, А. Мухторов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …