ТЕМУРИЁНИ ҲИНД Бобуриён, сулолаест, ки солҳо» 1526—1858 дар Ҳиндустон ҳукм рондааст. Асосгузораш намондаи хонадони Темуриён Заҳируддин Бобур. Темуриёни Ҳиндро дар баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла дар Ҳиндустон Муғулҳои бузург» ҳам меномиданд, Темуриёни Ҳинд асосан баъди вафоти Аврангзеб (1707) пароканда шуда бошанд ҳам, намояндагони онҳо то давраи аз тарафи Алглия барҳам дода шудани ин сулола (1857) худ ҳокимони Ҳиндустон ба ҳисоб мерафтанд.
Намояндагони сулолаи Темуриёни Ҳинд.: Бобур (1526—30), Ҳумоюн (1530 —39; 1555—56), Акбар (1556—1605), Ҷаҳонгир (1605—27), Шоҳҷаҳон (1627—58), Аврангзеб (1658—1707), Баҳодуршоҳ (1707—12), Ҷаҳондоршоҳ (1712—13), Фаррух Сияр (1713 —19), Муҳаммадшоҳ (17.19—48), Аҳмадшоҳ (1748—54), Оламгири II (1754—59), Шоҳолами II (1759— 1806), Акбари II (1806—37), Баҳодуршоҳи II (1839—58). А. Валиев.
Tags Сулола
Инчунин кобед
САҒОНА
САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …